
ҶСП «Тоҷиктаъминот» дар санаи 20 октябри соли 2005-ум аз ҷониби ҶСП «ХК Исмоили Сомонӣ» дар асоси шартномаи №3-20/ҶТ харидорӣ карда шудааст.
Ҷамъияти мазкур то харидорӣ гаштан ҳамчун Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктаъминот» фаъолият менамуд. Масоҳати умумии ҷамъият бо назардошти анборҳо, зери механизмҳои борбардор, бинои маъмурӣ ва биноҳои хоҷагии маъмурӣ ба 20,02 гектар баробар аст. Ҷамъият дорои Иҷозатномаи сохтмонӣ мебошад.

