x
Меъмор Сохтмон

ҶСК «Меъмор Сохтмон»

ҶСК «Меъмор Сохтмон» собиқ УПТК «Таджикгидроэнергострой» мебошад, ки аз ҷониби ҶСП «ХК Исмоили Сомонӣ» дар санаи 28 январи соли 2005 дар асоси шартномаи №12/1-4 харидорӣ карда шудааст.

Масоҳати умумии ин ҷамъият бо дар назардошти анборҳо, бинои маъмурӣ ва хати роҳи оҳани дохилӣ ба 6,7 гектар баробар мебошад. Мизоҷоне, ки барои истифодабарии роҳи оҳан ниёз доранд шартномаи хизматрасонӣ баста  шуда, арзиши истифодабарии роҳ бо Кумитаи давлатии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудааст.

Аксаран даромади корхона аз ҳисоби хизматрасонии роҳи оҳан ва иҷораи мизоҷон мебошад, кибо супориши директори генералии ҶСП «Корпоратсия Тоҷвар» ин намуди даромад бояд ба суратҳисоби махсус гузаронида шавад.