
ҶСК «СТС Иншоот» сараввал бо номи ҶСШК «Монолитстрой» баъд аз он бо номи ҶСК «Сомон Тоҷиксохтмон» ва дар соли 2011-ум ҳамчун ҶСК «СТС Иншоот» номгузорӣ карда шудааст. Ҷамъияти мазкур дар санаи 30 августи соли 2005-ум дар асоси шартномаи харидуфурўши №1-16-ЗТ аз ҷониби ҶДММ «Ориён-групп» харидорӣ карда шудааст. Масоҳати умумии замини ҷамъият бо дар назардошти биноҳои истеҳсолӣ ва бинои маъмурӣ 3,5 гектарро ташкил медиҳад. ҶСК "СТС Иншоот" яке аз корхонаҳои азими сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар сахта ва ба истифода додани иншоотҳои муҳими дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва сохтмони иншоотҳои байналмиллалӣ саҳмгузор мебошад.
Ҷамъият дорои чунин базаи моддитехникӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, хати роҳи оҳан ва мошину механимҳо мебошад:
Когоҳи истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ (КОБ),
Коргоҳи омезиши бетонӣ,
Устохонаи таъмири механикӣ,
Коргоҳи коркарди чубу тахта ва кандакорӣ,
Коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ,
Коргоҳи коркарди тунука,
Ташхисгоҳи маҳсулотҳо (лаборатория) дорои аккеридатсия,
Биноҳои пушида барои амбор истифодашаванда,
Майдонҳои кушода барои нигоҳдории маҳсулоти вайронашаванда,
Ҷамъият дорои иҷозатномаи (лицензияи) сохтмони биноҳои баландошёна мебошад,
Ҷамъият дорои Сертификати байналмиллалӣ оид ба сохтмон, сохтани роҳҳои автамабилгард, купрукҳо ва нақбҳо мебошад,
Ҷамъият дорои иҷозатномаи (лицензияи) сохтмони роҳҳои автомобилгард ва сохтани купрукҳо,
Инчунин ҷамъият барои маҳсулоти истеҳсол мекардааш дорои иҷозатнома ва сертификасия мебошад.

