x
Ноқили Турсунзода

ҶСП «Ноқили Турсунзода»

ҶСП «Ноқили Турсунзода» дар моҳи сентябри соли 2003-ум аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «ХК Исмоили Сомонӣ» харидорӣ карда шудааст. Масоҳати умумии замину биноҳои ҷамъият ба 2,27 гектар баробар мебошад. Масоҳати замини хоҷагии ёрирасони ҷамъият , ки дар шафати корхона дар алоҳидагӣ ҷойгир гаштааст ба 3,3 гектар баробар мебошад. Ҷамъияти мо дар бозори Тоҷикистон зиёда аз 17 сол боз фаъолият дорад. Дар айни замон, таҷҳизотҳои исиеҳсолии зиёда аз 70 номгӯй маҳсулоти баландсифати ноқилҳои симӣ истеҳсол мекунад, ки дар сохтмонҳои калонтарини ҷумҳурӣ истифода мешаванд.

ҶСП "Ноқили Турсунзода" дар тӯли солҳои зиёд дар бозори Тоҷикистон ва тақсимоти давлат худро ҳамчун таъминкунандаи боэътимоди маҳсулоти ноқилҳои симӣ нишон додааст.Сатҳи баланди хизматрасонӣ, доираи васеи маҳсулоти босифат, сиёсати фасеҳи нархгузорӣ ва захираи доимии маҳсулоти тайёр дар анборҳо афзалият дода барои рушди босуръати корхонаи мо шарофат мекунад.