Маҷмааи "Кохи Наврӯз"
Тоҷикистон ш. Душанбе назди кӯли Ҷавонон
Маҷмааи "Кохи Наврӯз" - дар маркази ш. Душанбе назди кӯли Ҷавонон, аз ҷониби чапи хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст. Кохи Наврӯз соли 2015 ба истифода супорида шудааст.
Дар шаҳри Душанбе маҷмааи Кохи Наврӯз бо усули меъмории миллӣ соли 2015 сохта шудааст. Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, наздики 40 ҳазор метри муррабаъ кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад. Ҳамчунин 15 хурду калон, айвончаҳои тобистона, фаввораҳои ранга ва мусиқӣ, ки тақрибан 4 ташкил медиҳанд ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшад. 11 толори мачмаа бо ҳунарҳои миллии тҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ, сангтарошӣ истифода бурда шудааст.


