Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ рузмарра ва мубрам будани мубориза бо коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии худ дониста дар ин самт баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар ҷомеа тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.
Аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1995 № 222 Политсияи андоз таъсис дода шуд.
Дар баробари ин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2001 №590 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Бо тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхурӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардид ва баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни мазкур бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Соли 2006 баъди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаридани Конвенсияи Созмони милали муттаҳид зидди коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба Конвенсияи мазкур мутобиқ намуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияро таъсис диҳад.


